Ru  | Tj
Дар Қирғизистон тартиби нави будубоши шаҳрвандони ИДМ ҷорӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қирғизистон тартиби нави будубоши шаҳрвандони ИДМ ҷорӣ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Қирғизистон тартиби нави будубоши шаҳрвандони ИДМ ҷорӣ мешавад

Нашр шуд

Аз 5 сентябри соли 2024 дар Қирғизистон тартиби нави сабти ном барои шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми бидуни раводид, аз ҷумла шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дар ин бора Вазорати рушди рақамии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, муқаррароти нави будубош дар Қирғизистон ба шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус рабт дорад.

Агар қаблан намояндагони кишварҳои дар боло зикршуда, ки вориди Қирғизистон шуда, метавонистанд ба муддати шаш моҳ бо имкони тамдид дар ин кишвар сабти ном кунанд, баъд аз ин шаҳрвандони кишварҳои зикршуда бояд ҳузури хешро зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ бо санади алоҳида тасдиқ кунанд.

Ба ин аснод иҷозатномаи истиқомат, шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандӣ, шаҳодатномаи “Кайрилман” (қирғизтаборон, ки хориҷӣ ҳастанд, вале мехоҳанд ба ватани таърихии худ кӯч банданд), шаҳодатномаи “Мекен-карт” (санади қирғизтаборони дорои шаҳрвандии хориҷӣ) шомил аст.

Инчунин, тибқи қоидаҳои нав, тағйироти дигар низ пешбинӣ шудааст. Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон метавонанд дар давоми ҳар 180 рӯз то 90 рӯз бидуни қайд дар Қирғизистон бимонанд.

Барои намояндагони Тоҷикистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Молдова ин муддат дар давоми 120 рӯз 60 рӯзро ташкил медиҳад.

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон хотиррасон мекунад, ки пас аз гузаштани мӯҳлати муқарраршуда шаҳрвандони хориҷие, ки сабти номро ба анҷом нарасондаанд, бояд ин кишварро тарк кунанд. Ин афрод танҳо пас аз 90 ё 60 рӯз ҳаққи сафари дубора ба Қирғизистонро пайдо мекунанд.

Илова бар ин, шаҳрвандони Молдова бояд дар давоми 5 рӯзи корӣ Озарбойҷон – 15 рӯз, кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – 30 рӯз, Тоҷикистон – 60 рӯз ва Гурҷистон – 90 рӯз аз замони вуруд ба Қирғизистон худро дар мақомоти дахлдор сабти ном кунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед