Ru  | Tj
Дар Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад
Акс: ASIA-Plus

Дар Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад

Нашр шуд

Фабрика барои парвариши 40 000 сар мурғ пешбинӣ гардидааст.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, корҳои сохтмонии фабрикаи мазкур феълан дар деҳаи "Ситора"-и Ҷамоати деҳоти "Навобод"-и шаҳри Ҳисор ҷараён доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тавзеҳ додааст, ки тибқи лоиҳа бинои фабрика аз ду ошёна иборат буда, он дар майдони 4 гектар бунёд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур 60 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ба шарҳи манбаъ, корҳои асосии фабрика аллакай иҷро шуда, дар дохили бино сохтани лонаҳо барои тухмгузории мурғҳо ба роҳ монда шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар шаҳри Ҳисор беш аз 700 иншооти ҷашнии таъйиноти мухталиф ифтитоҳ шуда буд.


Сафири Қатару Вазири кишоварзӣ ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди бинои нави Донишгоҳи аграриро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед