Ru  | Tj
Дар Хистеварз китобхонаи мактабӣ бо адабиёти нав таъмин шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Хистеварз китобхонаи мактабӣ бо адабиёти нав таъмин шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Хистеварз китобхонаи мактабӣ бо адабиёти нав таъмин шуд

Нашр шуд

Хонандагони мактаби Хистеварз аз созмони "Россотрудничество"  китоб ҳадя гирифтанд.

Ба мактаби хонандагони лаёқатманди деҳаи Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд беш аз 400 нусха адабиёти таълимӣ, методӣ ва бадеӣ тақдим гардид.  Дар ин бора  "Хонаи русӣ"  дар Хуҷанд хабар медиҳад.

Дар маросими супурдани адабиёт раҳбари «Хонаи русӣ» дар Хуҷанд, Татяна Мудрова чунин гуфт:
«Дар тӯли солҳо мо бо омӯзгорони мактаб муносибати хуби корӣ доштем. Фарида Ҳасанова, иштирокчии лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа», ҳамоҳангсози минтақавии озмуни «Классикаи зинда» буда, хонандагони мактаб пайваста ғолиби олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ гардида, ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд».
Мавриди зикр аст, ки муассисаи давлатии таълимии тахассусии ҷамоати деҳоти Хистеварз соли 2013 ба истифода дода шуд.  Дар ин мактаб 1107 нафар донишҷӯён ба забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд.  Забони русиро бошад аз синфи 2 то 11 барои хонандагон тадрис мешавад.

Бояд гуфт, қаблан хабар дода шуд, ки соли ҷорӣ Вазорати маорифи Русия ва нашриёти «Просвешение» ба Тоҷикистон 275 ҳазор адад китоби дарсӣ бо забони русӣ тақдим мекунад.

Гуфтанист, ки айни замон дар Тоҷикистон дар 244  мактаб бо забони русӣ дарс мегӯянд, ки аз ин миён дар 60 мактаб таълим танҳо ба забони русӣ сурат мегирад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед