Ru  | Tj
Дар Хуҷанд барои 200 кӯдаки ятиму бепарастор кӯдакистон бунёд гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Хуҷанд барои 200 кӯдаки ятиму бепарастор кӯдакистон бунёд гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар Хуҷанд барои 200 кӯдаки ятиму бепарастор кӯдакистон бунёд гардид

Нашр шуд

Муассисони ширкати "Таҷпроф" сарпарастии кӯдакистони "Меҳросо"-ро ба ӯҳда гирифта, пудратчигии иншоотро ҶДММ “Эҷод-2013” ба зимма дошт.

Ба маълумоти дафтари матбуоти Сарвари давлат, кӯдакистони мазкур имрӯз бо иштироки Призиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи "Бофанда"-и шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд.

Дар ин муаасисаи томактабӣ кӯдакон ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Бинои муассиса 1700 метри мураббаъ масоҳат дошта, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон, ҳафт ҳуҷра барои таълиму тарбия, утоқи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулиятҳои мусиқӣ иборат аст.

Ҳамчунин, барои хуш гузарондани вақт барои кӯдакон дар саҳни иншоот ҳафт айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозии замонавӣ бунёд гардидааст.

Иншооти нав аллакай 20 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст.

Дар ин росто, Сарвари давлат ба кормандони соҳаи маориф дастур дод, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳисси масъулияти баланд дошта бошанд ва ҷиҳати сохтани кӯдакистонҳои наву модерн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, аз ин миқдор 48-тои он дар шаҳри Хуҷанд амал мекунад. Дар ҳамаи кӯдакистон наздики 45 ҳазор нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба соли сипаришуда шумораи кӯдакистон дар вилояти Суғд 8 адад зиёд шудааст.



Эмомалӣ Раҳмон аз кори корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳристон изҳори норозигӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед