Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Хуҷанд имконоти донишгоҳҳои Русия ва Беларус муаррифӣ шуд
Нашр шуд
Дар маркази вилояти Суғди Тоҷикистон намоишгоҳи 12-уми «Маорифи Русия ва Белорус.Тоҷикистон-2024» баргузор шуд.
Дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд донишҷӯён, омӯзгорон ва волидони довталабон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, ноҳияи Ҷаббор Расулов имкон доштанд шахсан ба намояндагони 25 донишгоҳи пешрафтаи Русия ва Белорус саволу ҷавоб кунанд.
Андрей Патрушев, раиси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар оғози ин намоишгоҳ аз оғози маъракаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳҳои Русия аз рӯзи 7 октябр хабар дод.
Довталабон ҳамакнун метавонад барои дарёфти бурсияи таҳсилӣ аз ҳукумати Русия дар пойгоҳи интернетии education-in-russia.com дархост пешниҳод кунанд. Патрушев таъкид кард, ки ҳукумати Русия барои соли хониши 2025-2026 ба Тоҷикистон 1000 бурсияи таҳсилӣ ҷудо кардааст.
Ба гуфтаи Сайфулло Раҳматов, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд чунин кори муштарак барои донишҷӯёни тоҷик имкониятҳои навро боз карда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ ихтисоси серталаботро соҳиб шаванд ва баъдан баргашта, ба манфиати ватани худ кор кунанд.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 7 октябр аз намоишгоҳи таълимии донишгоҳҳои Русия ва Белорус дар Хуҷанд беш аз 1500 нафар боздид карданд.
Хотиррасон мекунем, ки пеш аз ин рӯзҳои 4-5 октябр ин намоишгоҳи таълимӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуда буд.
Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия беш аз 28 донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед