Ru  | Tj
Дар Хуҷанд корхонаи дӯзандагӣ бо сармояи Русия боз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Хуҷанд корхонаи дӯзандагӣ бо сармояи Русия боз шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Хуҷанд корхонаи дӯзандагӣ бо сармояи Русия боз шуд

Нашр шуд

Корхонаи "Ситораи тоҷ", ки бо ҳамкории сармоягузорони Русия бунёд шудааст, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.

Корхона дар рӯзи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон - 9 сентябр, бо ҳузури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи дӯзандагии “Ситораи тоҷ” барои духти сару либоси махсуси корӣ пешбинӣ шуда, дар он 350 нафар занону духтарон ба кор ҷалб шуданд.

Корхонаи “Ситораи тоҷ” дар як сол имкон дорад то 120 ҳазор маҷмуъ сару либоси махсуси корӣ ва зиёда аз 1 миллион сару либоси трикотажиро дар асоси дархост омода намуда, ба бозор пешниҳод намояд.
 
Таъкид мешавад, ки муассиси корхона нақша дорад, ки дар оянда вобаста ба талаботи маҳсулот шумораи ҷойҳои корӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 2-3 баробар зиёд намояд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар шаҳри Хуҷанд як корхонаи дигари дӯзандагии ширкати “Лидер” ифтитоҳ шуд.

Корхонаи мазкур дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсоли шимҳои маъруфи ҷинсро бо бренди “Ҷадид” (JADID) ба роҳ мондааст, ки 99 фоизи таркиби матои он аз пахта аст.

Дар ин корхонаи навтаъсис 200 нафар дар ду баст ба кор ҷалб шудаанд.

Корхонаи дӯзандагии “Лидер” бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ имкон дорад, ки дар як рӯз то 800 дона шим омода намоянд.

Гуфта мешавад, ки то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи нақша дар соли 2024 дар вилояти Суғд бунёди 140 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ пешбинӣ гардида, дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 106 корхонаву коргоҳи нав фаъол шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед