Ru  | Tj
Дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарëфти Ҷоми Президент доир мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарëфти Ҷоми Президент доир мегардад
Акс: Sputnik

Дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарëфти Ҷоми Президент доир мегардад

Нашр шуд

Ҳафтаи оянда дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Нуҳумин Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи ҷудо барои дарëфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо иқдоми Федератсияи ҷудои кишвар, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва устондории Суғд рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар Хуҷанд доир мегардад, - хабар додааст Федератсияи ҷудо. 

Гуфта мешавад, ин сабқат аз рӯи 5 категорияи вазнӣ миёни мардон ва дар ду вазн миёни занон гузаронида мешавад ва ғолибон бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум - 40 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм - 20 ҳазор сомонӣ ва ду ҷои сеюм ҳар кадом бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Лозим ба зикр аст, ки Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба куштини ҷудо бори аввал соли 2013 дар ду вазн (-81кг, вазни мутлақ +90кг) ва солҳои 2014, 2015, 2016, 2017 дар вазни мутлақ доир гардида буд. Солҳои 2018, 2019 ва 2021 рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд. Аммо соли 2020 ин сабқат бо сабаби авҷгирии пандемияи коронавирус гузаронида нашуд.

Тими куштии озоди ҷавонони Эрон имсол низ қаҳрамони ҷаҳон шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед