Ru  | Tj
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Нашр шуд


Дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, ҳамоиши саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон барои саёҳатҳои экологӣ, кишоварзӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангию таърихӣ, варзишӣ, саноатию тиҷоратӣ муаррифӣ гардид. Дар бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар дод.

Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон наздики 200 ширкати сайёҳӣ дар зиёда аз 50 хатсайр фаъолият дошта, гардишгарон барои шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон сафар мекунанд.

Дар ин замина намояндагони бахши иқтисодии давлати Кувайт, аз ҷумла масъулони соҳаи сайёҳӣ барои ҳамкорӣ ва таъсиси хатсайрҳои сайёҳӣ аз ду ҷониб - Кувайт ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Кувайт изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар намоишгоҳ анвои зиёди маҳсулоти саноатӣ ва зарфияту имконияти сайёҳӣ намоиш дода шуд.

Ҳамчунин маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили ҳунарҳои гулдӯзию зардузӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, абрешим ва маҳсулоти абрешимӣ, қолинбофӣ, маснуоти ороишии аз сангҳои табиӣ омодашуда барои иштирокдорон муаррифӣ гардид.

Бояд гуфт, ки тибқи оморӣ расмӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 941,3 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ аз  Тоҷикистон боздид кардааст, ки нисбати соли гузашта 17,3 дарсад зиёд аст.

Гуфта мешавад, ки аксари шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин давра аз ҳама бештар ба Тоҷикистон шаҳрвандони Узбекистон - 746,1 ҳазор ва Русия - 329 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед