Ru  | Tj
Дар Левакант осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон таъсис меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Левакант осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон таъсис меёбад
Акс: Sputnik

Дар Левакант осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон таъсис меёбад

Нашр шуд

Осорхонаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар бинои Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант таъсис меёбад.

Тавре "Спутник" иттилоъ медиҳад, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни боздид аз литсейи мазкур дастур додааст, ки дар бинои муассиса осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шавад.

Қайд гардидааст, ки Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант феълан дар ҳоли азнавсозӣ қарор дошта, осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ ба солҳои 60-70-уми асри гузашта бо кандакорию гаҷкорӣ сохта мешавад.

Таъкид шудааст, ки Сарвари кишвар авохири солҳои 60-уми асри XX дар омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и шаҳри Калининобод (ҳоло литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант) таълим гирифтааст.

Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант соли 1967 таъсис ёфта, аз се бинои таълимӣ, се хобгоҳ, ошхонаю майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст, ки дар масоҳати беш аз 5 гектар қомат афрохтааст.

Ёдрас мешавем, ки моҳи январи соли 2021 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ - раиси шаҳри Душанбе дар бинои таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллат ифтитоҳ гардида буд.


Таъсиси сомонаи расмӣ барои кор дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед