Ru  | Tj
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз се тонна нашъа мусодира шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз се тонна нашъа мусодира шудааст
Акс: Fergana.agency

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз се тонна нашъа мусодира шудааст

Нашр шуд

Давоми як соли дар сари қудрат будани «Толибон»* дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз се тонна маводи нашъаовар мусодира шудааст.

Ба гузориши Halva.tj, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе аз афзоиши ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар марзҳои кишвар бо Афғонистон хабар дод.

Вай афзуд, мусодираи беш аз се ҳазор тонна маводи нашъадор дар як сол дар ҳолест, ки тамоми давраи соли 2020 дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамагӣ як тоннаву 185 килограмм аз ин гуна мавод дарёфт ва мусодира шуда буд.

Бояд гуфт, ки «Толибон»* соли гузашта пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон зимоми ҳукуматро дар ин кишвар ба даст гирифтанд, аммо то имрӯз ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро эътироф накардааст.

Коршиносони байналмилалӣ борҳо аз вазъи ташвишовари башарӣ дар ин кишвар ва фақру вабо миёни аҳолӣ гуфтаанд.

Қаблан Руслан Мирзоев, Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент баҳои баланд додаву онро дар раванди мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа муҳим ва ҳадафрас унвон карда буд.

«Толибон»*   - созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳо мамнуъ


Раҳмон ва Зас таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро зарур шумурданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед