Ru  | Tj
Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон системаи аз ҳолатҳои фавқуллода огоҳкунанда гузошта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон системаи аз ҳолатҳои фавқуллода огоҳкунанда гузошта мешавад
Акс: Интернет

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон системаи аз ҳолатҳои фавқуллода огоҳкунанда гузошта мешавад

Нашр шуд

Пешниҳод гардидааст, ки барои эҳтиёт аз офатҳои табиӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон системаи огоҳкунанда таъсис дода шавад.

Бино ба иттилои Kun.uz зимни баргузории як конфронс дар шаҳри Душанбе Акрамҷон Неъматов, муовини аввали директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон пешниҳоди ташкил намудани системаи огоҳкунанда дар марзи ин ду кишварро кард.

“Чунин тадбир ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки ҳам оқибатҳои манфии офатҳои табииро рафъ кунанд ва ҳам роҳҳои тезонидани татбиқи технологияҳои захиравӣ ва сарфаи табиатро таҳия кунанд”, гуфтааст, Акрамҷон Неъматов.

Ба шарҳи Неъматов, ҳар сол Осиёи Марказӣ офатҳои табиӣ тахминан 10 миллиард доллар хисорот ворид мекунанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед