Ru  | Tj
Дар Маскав аз "Толибон" хостанд, ки барои ташкили ҳукумати фарогир чора андешанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Маскав аз "Толибон" хостанд, ки барои ташкили ҳукумати фарогир чора андешанд
Акс: ИА Regnum

Дар Маскав аз "Толибон" хостанд, ки барои ташкили ҳукумати фарогир чора андешанд

Нашр шуд

Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Маскав ҷаласаи сеюми Формати Маскав оид ба Афғонистон бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо баргузор гардид.

Ба иттилои "ТАСС", дар баёнияи муштараке, ки дар анҷоми нишаст пазируфта шуд, ширкаткунандагон аз роҳбарияти феълии Афғонистон даъват ба амал овардаанд, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд ва нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сиёсати дӯстонаро роҳандозӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ки дар нишасти мазкур намояндагони кишварҳои Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, ичунин ҳайати баландпояи ҳукумати муваққатии Афғонистон ширкат доштанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳангоми нишаст изҳор доштааст, ягона роҳи пойдор гардидани сулҳ дар Афғонистон - ин ташкили ҳукумати воқеан фарогир аст, ки на танҳо манфиати қувваҳои қавмӣ, балки сиёсии ин кишварро пурра инъикос кунад.

Ҳамзамон, муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, дар сӯҳбат бо журналистон: "Ҳукумати Афғонистон" ҳоло ҳам фарогир аст" гуфтааст. Агар ҳукумати нав эътироф нашавад, он гоҳ гурӯҳҳое, ки ба амнияти Афғонистон таҳдид мекунанд, бешак нерӯи худро афзӯн мекунанд".

Илова бар ин, иштирокдорони ҷаласа аз мақомоти Афғонистон даъват кардаанд, ки сиёсати мӯътадил ва оқилонаи дохилӣ ва хориҷиро касб кунанд, бо ҳамсоягони худ сиёсати дӯстонаро амалӣ намоянд ва ба ҳадафҳои умумӣ, аз қабили сулҳи пойдор, амният, эътимоднокӣ, шукуфоии дарозмуддат ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои гурӯҳҳои қавмӣ, занон ва кӯдакон бирасанд.

Дар навбати худ роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Мотақӣ илова намудааст, ки раёсати нави Афғонистон амалан исбот намуд, ки қаламрави Афғонистон бар зидди ягон кас истифода нахоҳад шуд.

Дар рафти ҷаласа, иштироккунандагон аз бад шудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстона дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудаанд, ки бо иқдоми СММ конфронси байналмилалии донорҳо баргузор гардад.

Дар ин росто, таъкид гардидааст, бори асосии барқарорсозии Афғонистон бояд ба дӯши он давлатҳое гузошта шавад, ки ҳайати онҳо тӯли 20 соли охир дар ин кишвар ҳузур доштаанд.

Формати Маскав соли 2017 бар асоси механизми машваратии шашҷонибаи намояндагони вижаи Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Чин ва Покистон таъсис ёфтааст. Нахустин ҷаласаи он 14-уми апрели соли 2017 бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони вижаи 11 кишвар: Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон баргузор шуд.

Ҷаласаи дувум бошад, 9-уми ноябри соли 2018 сурат гирифта, бори нахуст намояндагони дафтари сиёсии "Толибон"* дар Доҳа дар нишасти мазкур ширкат варзиданд.

*- Ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон

Афғонистон: Толибон* ба коргарзанони Кобул амр доданд, ки дар хонаҳояшон шинанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед