Ru  | Tj
Дар Маскав масоили омодагӣ ба сафари Матвиенко ба Душанберо баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Маскав масоили омодагӣ ба сафари Матвиенко ба Душанберо баррасӣ намуданд
Акс: Интернет

Дар Маскав масоили омодагӣ ба сафари Матвиенко ба Душанберо баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз дар Маскав Сафири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Константин Косачев ва Николай Журавлёв, муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Масоили марбут ба омодагӣ ба баргузории сафари расмии қарибулвуқӯи Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ба Душанбе аз меҳварҳои аслии ин мулоқот буд. 

Тарафҳо изҳори бовар намуданд, ки сафари Матвиенко ба Тоҷикистон ба таҳкими муносиботи ду кишвар дар тамоми самтҳои муҳимми ҳамкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад. 

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин дар ин дидор доираи васеи масъалаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла  иқтисоду тиҷорат, беҳдошт, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ  баҳсу баррасӣ шудааст. 

Қаблан Halva.tj аз сафари Матвиенко ба Душанбе хабар дода буд. Валентина Матвиенко рӯзи 24-уми феврал бо як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе мешавад. Интизор меравад, ки Матвиенко бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раисони ҳарду палатаи парлумони кишвар дидору мулоқот анҷом диҳад. 

Ду соле пеш Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Матвиенко дар Маскав аз вай даъват ба амал оварда буд, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе биёяд. 


Русия: “Фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон барои мо ва Осиёи Марказӣ хатар аст”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед