Ru  | Tj
Дар Маскав роҳҳои афзоиши содирот аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Маскав роҳҳои афзоиши содирот аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Дар Маскав роҳҳои афзоиши содирот аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон ва Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия густариши равобити иқтисодиву тиҷоратии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Маскав дар ин рӯзҳо бо Сергей Катирин мулоқот кардаву дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Манбаъ мегӯяд, дарëфти роҳҳои таҳкими шароит миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ва афзоиши ҳаҷми содироти молу  маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия  меҳварҳои аслии ин дидор будаанд.

Катирин ба зарурати баргузории ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавӣ бо мақсади афзоиши мубодилаи молу маҳсулот ва табодули таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид кардааст. 

Коршиносон борҳо гуфтаанд, ҳоло дақиқан он замонест, ки бояд Тоҷикистон иқтисоди худро диверсификатсия кунад ва ба истеҳсоли маҳсулоте оғоз намояд, ки дар Русия ба он ниёзи бештар доранд. 

Иқтисоддонҳо мегӯянд, бояд ҳоло ба таври васеъ содироти он маҳсулотеро ба роҳ монд, ки тавонанд молҳоеро, ки айни замон ба Русия аз кишварҳои Аврупову хориҷ ворид намешаванд, иваз намоянд. 

Бояд гуфт, ки соли гузашта мизони тиҷорати ду кишвар ба сатҳи рекордӣ расида буд.


Ширкати “S7 Airlines”-и Русия парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон оғоз кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед