Ru  | Tj
Дар Минск дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба баррасӣ кашида шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Минск дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону  Беларус ба баррасӣ кашида шуд
Акс: Беларусь сегодня

Дар Минск дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба баррасӣ кашида шуд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Белорусия бо муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар дидор намуд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Белорусия бо Игор Назарук, муовини Вазири корҳои хориҷаи Белорусия рӯзи 6-уми апрели соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар вохӯрии ҷонибҳо ҳолати феълӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Беларус мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Таъкид мегардад, ки тарафҳо доир ба масъалаи баргузории ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои дутарафа табодули афкор намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Белорусия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ соли гузашта рӯзҳои 5-7-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.


Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед