Ru  | Tj
Дар Минск масоили рушди сайëҳӣ дар қаламрави ИДМ-ро ба баррасӣ кашиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Минск масоили рушди сайëҳӣ дар қаламрави ИДМ-ро ба баррасӣ кашиданд
Акс: SNG.Today

Дар Минск масоили рушди сайëҳӣ дар қаламрави ИДМ-ро ба баррасӣ кашиданд

Нашр шуд

Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории  давлатҳо дар идоракунии бахши сайёҳӣ, аз ҷумла истифодаи иқтидори Роҳи бузурги абрешим, агротуризм ва сайёҳии саломатиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайëҳӣ,  роҳбари ин ниҳод Тоҷиддин Ҷӯразода рӯзи 28-уми сентябр тариқи видеоконфронс дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки  дар Минск баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои зирабти Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Котиботи Шӯрои ПАА ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ  масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар заминаи сайëҳиро баррасӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, табодули таҷриба дар идоракунии бахши сайёҳӣ, истифодаи иқтидори Роҳи бузурги абрешим, рушди агротуризм ва сайёҳии саломатӣ аз мавзуоти аслии ин ҷаласа будааст.

Ҳамчунин, намояндагони кишварҳои узви ИДМ дар мавриди таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ барои рушди сайёҳӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ табодули назар карда,  нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023-ро қабул намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сайёҳӣ ва Намоишгоҳи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ соли 2023 дар Қазоқистон баргузор мешавад.


Сайёҳии Тоҷикистон баъд аз коронавирус










Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед