Ru  | Tj
Дар минтақаҳои озоди иқтисодиҳои Тоҷикистон 72 корхона фаъолият мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар минтақаҳои озоди иқтисодиҳои Тоҷикистон 72 корхона фаъолият мекунанд
Расм аз СЭЗ "Сугд"

Дар минтақаҳои озоди иқтисодиҳои Тоҷикистон 72 корхона фаъолият мекунанд

Нашр шуд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазоратро баргузор кард. Зимни гуфтугӯ бо хабарнигорон масъалаҳои иқтисодии кишвар  ва  роҳҳои фаъолияти минбаъда баррасӣ шуданд. 

Фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар МОИ “Суғд”, 25 субъект дар МОИ “Данғара”, 11 субъект дар МОИ “Панҷ”, 5 субъект дар МОИ “Ишкошим” ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси “Кулоб”.

Тибқи қонун дар бораи фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳар як субъект ё корхонае, ки дар ҳудуди минтақа ба қайд мегирад барои иҷораи 1 м.м. замин 1 дол. солона месупорад. Аммо, тибқи фармоиши вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барои субъектҳои МОИ “Суғд” сабукиҳо ворид карда шуд ва нархи иҷораи замин 0,50 доллар тасдиқ карда шуд.

Бахшидани қарзи “Барқи тоҷик” аз тарафи ҳукумат


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед