Ru  | Tj
Дар муассисаҳои тандурустии Суғд беш аз 530 табиб намерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар муассисаҳои тандурустии Суғд беш аз 530 табиб намерасад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар муассисаҳои тандурустии Суғд беш аз 530 табиб намерасад

Нашр шуд

Муассисаҳои тиббии Суғд асосан ба табибони оилавӣ, эҳёгарӣ, табиби бемориҳои занона, кӯдакон ва амрози дарунӣ ниёз доранд.

Дар нишасти хабарии рӯзи 30 июл Хайрулло Ҳабибуллозода, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд изҳор дошт, ки муассисаҳои тиббии вилоят 6073 ҷойи корӣ доранд, ки аз ин шумора 533 воҳиди корӣ  холӣ аст. Дар ин бора хабаргузории Sugdnews.com хабар дод.

Дар идома зикр мешавад, ки дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 5 ҳазору 83 нафар табибон ва 17 ҳазору 579 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. 

Нишондоди таъмини духтурон бар сари аҳолӣ ба ҳар 10 ҳазор нафар 17,4 ва кормандони миёнаи тиб 60,2 нафарро ташкил медиҳад.

Аммо гуфта мешавад, ки дар баъзе ноҳияҳои вилоят ин рақам хеле кам аст. Аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич таъминоти духтурон ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 10, Зафаробод — 10,8, Айнӣ — 9,8, Истиқлол — 9,5, Бобоҷон Ғафуров — 11,7 ва Мастчоҳ ин нишондод баробари 11,8 аст.
 
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки вазъи таъмин бо кормандони миёнаи тиб дар вилояти Суғд беҳтар буда, аз 13368 ҷойи кори мавҷуда, танҳо 52 воҳиди корӣ холӣ аст.

Дар ин замина гуфта мешавад, ки муассисаҳои тиббии Суғд асосан ба табибони оилавӣ, эҳёгарӣ, табиби бемориҳои занона, кӯдакон ва амрози дарунӣ ниёз доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед