Ru  | Tj
Дар мулоқоти Раҳимзода Рамазон бо Казакова Валентина Лвовна масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар мулоқоти Раҳимзода Рамазон бо Казакова Валентина Лвовна масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд

Дар мулоқоти Раҳимзода Рамазон бо Казакова Валентина Лвовна масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд

Нашр шуд

Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия генерал-лейтенанти политсия Казакова Валентина Лвовна мулоқот намуд.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият менамоянд, мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Чи гунае, ки дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ҳамчунин дар мулоқот ҳар ду ҷониб раванди ҳамкориҳоро дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия, пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуташаккил, ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили механизм барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед