Ru  | Tj
Дар Мурғоб барои табобати Бабри барфӣ маркази солимгардонӣ месозанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Мурғоб барои табобати Бабри барфӣ маркази солимгардонӣ месозанд
Акс: Озодӣ

Дар Мурғоб барои табобати Бабри барфӣ маркази солимгардонӣ месозанд

Нашр шуд

Дар ҳудуди мавзеи Ҷамантали ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон барои ҳайвоноти нодир, алалхусус, Бабри барфӣ сохтмони маркази солимгардонӣ оғоз шуд.

Ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бабри барфӣ рамзи экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ҳифз ва барқарор намудани саршумори ин намуди ҳайвони нодир дар ноҳияи Мурғоб аз аввали моҳи сентябр бунёди маркази солимгардонӣ шурӯъ шуда, то имрӯз 20%-и корҳои сохтмонии он анҷом ёфтааст.

Ба иловаи сарчашма, дар мавзеи Ҷамантал барои сохтмони марказ 10 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст.
Гуфта мешавад, ки мӯҳлати охирини ба истифода додани маркази мазкур соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. 

Мақсади асосии фаъолияти маркази табобатӣ ҳангоми мариз шудани Бабри барфӣ сари вақт ба табобат фаро гирифта он дониста шудааст.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки маркази солимгардонӣ аз нуқтаи санитарӣ, минтақаи карантинӣ ва манораи мушоҳида барои сайёҳон иборат мебошад. 

Ёдовар мешавем, ки тайи 50 соли охир дар Тоҷикистон шикори Бабри барфӣ манъ аст.

Дар тамоми олам танҳо дар 12 кишвар Бабри барфӣ ё озодпаланг вуҷуд дорад.

Ҳамлаи бабри сафед ба чорвои майда



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед