Ru  | Tj
Дар нӯҳ моҳи охир сафари 9366 нафар ба Русия бебарор анҷом ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар нӯҳ моҳи охир сафари 9366 нафар ба Русия бебарор анҷом ёфтааст
Акс: Sputnik

Дар нӯҳ моҳи охир сафари 9366 нафар ба Русия бебарор анҷом ёфтааст

Нашр шуд

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти нӯҳмоҳаро дар соли 2021 ҷамъбаст намуд.

Ба иттилои котиботи ин ниҳод, ҷаласаи Шӯрои Хадамоти муҳоҷират бо иштироки муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Абдулғаффор Азиз, муовинони сардори Хадамот, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» баргузор гардид.

Ба шарҳи Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Русия маълум гардид, ки дар маҳзани маълумоти хадамот 9366 нафар дар рӯйхати манъшудагон қарор доранд ва онҳо аз сафар баргардонида шуданд.

Аз теъдоди мазкур ба 3817 нафар тавсияи касбомӯзӣ дода шуда, ба 505 нафар пешниҳод намудаанд, ки дар дохили кишвар кор кунанд.

Ба ҳамин минвол 612 нафар соҳиби касб шуда, 477 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Илова бар ин, ба маълумоти Хадамоти муҳоҷират, дар ширкатҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда 33 145 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият дошта, шумораи кормандони хориҷӣ 6097 нафарро ташкил медиҳад.

Таносуби ҷалби қувваи кории ватанию берунӣ дар ширкатҳои хориҷӣ ба ҳисоби миёна 18,3 % бар 81,7% -ро ташкил медиҳад.

Роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ муваззаф гардидаанд, ки таносуби 90% бар 10%-ро дар мавриди таъмин ва ҷалби қувваи кории маҳаллӣ риоя намоянд.

Тибқи маълумоти avesta.tj, то 1-уми майи соли 2021 шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кор ба Федератсияи Русия ҳиҷрат намудаанд, 2,68 миллион нафарро ташкил медод.




Намояндагии Вазорати меҳнат аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки ба китобхонаву театр раванд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед