Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар нишасти сарони СПАД дар Остона панҷ раисҷумҳур ширкат хоҳанд кард
Нашр шуд
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД рӯзи 28 ноябр дар Остона баргузор мешавад.
Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сергей Лебедев ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Чжан Минг барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Остона даъват шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, дар ин нишаст раисони ҷумҳури Русия Владимир Путин, Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Беларус Александр Лукашенко, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов ширкат хоҳанд кард.
Намояндагони Арманистон дар нишастҳои СПАД дар Остона ширкат нахоҳад кард.

«Дар иҷлосия дар назар аст, ки масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин рафти татбиқи самтҳои афзалиятноки Қазоқистон дар давраи раёсати СПАД дар соли ҷорӣ баррасӣ шаванд», - зикр кард дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.Интизор меравад, ки пас аз маросими имзои қарордод дабири кулли СПАД барои матбуот изҳорот диҳад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед