Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳавзи бузурги тасфияи об ифтитоҳ шуд
Нашр шуд
Шабакаи обёрии Чубек дар байни шабакаҳои обёрии ҳавзаи рӯди Панҷ бузургтарин буда, масоҳаташ ба 50 ҳазору 160 гектар баробар аст.
Рӯзи 5 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба фаъолияти ҳавзи тасфияи об дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрӣ дар ҳавзаи рӯди Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуд.
Дар ин замина иттилоъ дода шуд, ки аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ноҳияи Ҳамадонӣ дар минтақаи пасттар аз сатҳи маҷрои рӯди Панҷ ҷойгир аст ва аз ин сабаб мавзеи мазкур қаблан борҳо аз боришоту обхезӣ хисорот дидааст.
Бояд гуфт, ки Панҷ яке аз рӯдҳои лойолуди ин минтақа маҳсуб шуда, он сарчашмаи обгирии сарҷӯи “Чубек” мебошад.
Ҳамасола аз рӯди Панҷ ба сарҷӯи “Чубек” ба миқдори 700 ҳазор метри мукааб ҷинсҳои омехтаи обовард ворид гашта, ҷӯйҳои обёрикунандаро пур мекунад.
Аз ин рӯ, моҳи июли соли 2020 дар доираи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи рӯди Панҷ» масъалаи рафъи таъсири хатарҳои эҳтимолии табиӣ барои аҳолӣ ба миён гузошта шуд.
Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд татбиқ гардид.
Дар доираи амалишавии лоиҳа сохтмони обанбор, мустаҳкамнамоии соҳили минтақа ва инчунин навсозии пойгоҳи обкашӣ анҷом дода шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз 1 октябри соли 2020 оғоз гардида, 30 марти соли 2023 ба анҷом расонид.
Таъкид мешавад, азбаски дар ин минтақа соҳаи кишоварзӣ асоси рушди иқтисодӣ мебошад, бунёди иншооти мазкур натанҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро он бештар аз 60 дарсади аҳолиро бо кор таъмин мекунад.
Дар доираи лоиҳа ҳамчунин 2 пули мошингузар сохта шуда, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани иншоот ба масофаи зиёда аз 12 километр хатти интиқоли барқ кашида шуда, 2 трансформатори 100 киловолта насб гардидааст.
Зимни сӯҳбат бо масъулин Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки масъалаи то шаҳри Кӯлоб расонидани об низ мавриди омӯзиш қарор дода шавад, зеро аҳолии ин шаҳр ва атрофи он, ки шумораашон ба зиёда аз 300 ҳазор нафар мерасад, аз оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ танқисӣ мекашанд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед