Ru  | Tj
Дар ноҳияи Тоҷикобод барои қишри ниёзманди аҳолӣ як маҳалла бунёд мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар ноҳияи Тоҷикобод барои қишри ниёзманди аҳолӣ як маҳалла бунёд мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар ноҳияи Тоҷикобод барои қишри ниёзманди аҳолӣ як маҳалла бунёд мешавад

Нашр шуд

Маҳаллаи навбунёд дорои 60 манзили маскунӣ хоҳад буд, ки барои ятимону маъюбон ва бенавоён пешбинӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ин ноҳия боздид кард. 

Дар ин бора хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои ин манбаъ, айни замон дар деҳаи Сафедмун чор ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.

Таъкид мешавад, ки маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён ва мисли онҳо пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкории ҷамъияти хайриявии “Тоҷикистон” бо шарикони хориҷии рушд бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа дар маҳаллаи навбунёд тамоми василаҳо ва имкониятҳои зарурӣ барои таъмини шароити будубош ва ҳаёти иҷтимоии сокинон дар назар дошта шудааст.

Ҳама хонаҳои истиқоматӣ аз рӯи як лоиҳа дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо 3 ҳуҷра, ҳамом, ошхона, ҷиҳози рӯзгор ва техникаи маишӣ сохтаву муҷаҳҳаз шуда, ба сокинон тақдим хоҳанд шуд. Ин хонаҳо ба шабакаҳои роҳ, оби нушокӣ, барқ ва гармидиҳӣ низ пайваст хоҳанд шуд.

Маҳалла ҳамчунин дорои муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ барои 670 хонанда дар 2 баст, бунгоҳи тиббӣ, иншооти  савдову фароғат ва дигар зербинои зарурӣ хоҳад буд.

Баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои беҳтарсозии некуаҳволии сокинон ва бо шуғли муносиб таъмин намудани онҳо ба ҳар як хонавода 8 қӯтии занбури асал ҳадя мешавад.

Ба иттилои масъулин, бунёди ин маҳаллаи хуштарҳи замонавӣ, ки то моҳи декабри соли равон ба итмом хоҳад расид.

Дар баробари ин шарикони рушд аз Амороти Муттаҳидаи Араб изҳор доштанд, ки дар ин маҳаллаи навбунёд ҳамчунин сохтмони як муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак низ маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки рӯзи 11 сентябр Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ноҳияи Нуробод калиди хонаҳои нави истиқоматиро барои 22 хонаводаи аз офати табиӣ зарардида тақдим кард. 

Биноҳои нави истиқоматӣ дар муддати қариб ду моҳ бунёд шуда, бо тамоми ашёи рӯзгор пурра таъмин мебошанд.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед