Ru  | Tj
Дар Новосибирск тамрини нерӯҳои таъиноти махсуси СПАД баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Новосибирск тамрини нерӯҳои таъиноти махсуси СПАД баргузор мешавад

Дар Новосибирск тамрини нерӯҳои таъиноти махсуси СПАД баргузор мешавад

Нашр шуд

Аз 14 то 16 август дар Новосибирск тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) “Кобалт-2024” таҳти раҳбарии Горди миллии Русия баргузор мешаванд. 

Дар ин бора ба ТАСС хадамоти матбуотии Горди миллии Русия хабар дод.

«14 августи соли 2024 таҳти роҳбарии Хадамоти федеролии нерӯҳои Горди миллии Русия дар вилояти Новосибирск дар заминаи маркази таълимии ин ниҳод,  ифтитоҳи тамрини махсус бо ҳузури фармондеҳӣ ва воҳидҳои вижаи нерӯҳои вокуниши сареи СПАД “Кобалт-2024” баргузор мегардад. Ин тамринҳо рӯзи 16 август ба анҷом мерасад”, - омадааст дар хабар.

Ба иттилои ин манбаъ, дар тамринҳои мазкур намояндагони вазорату идораҳои марбутаи  Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, ки давоми се рӯзи тамринот иштирокчиён табодули таҷриба ва малакаи ҳамкории воҳидҳои таъиноти махсусро такмил медиҳанд. 

Воҳидҳое, ки ба ҳайати нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СПАД дохил мешаванд, дар амалиёти муштарак барои ҷустуҷӯ, ошкор ва нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ малакаҳои амалӣ хоҳанд гирифт. 

Дар ин машқҳо бо истифода аз нерӯҳои ҳавоӣ ва ҳавопаймоҳои  бесарнишин, нерӯҳои махсус ҳамла ба биноҳо ва воситаи нақлиёт, озод кардани гаравгонҳо ва безараргардонии ҷангиёнро тамрин мекунанд.

Гуфтанист, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 2003 таъсис шуда, Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон узви ин созмон ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед