Ru  | Tj
Дар Қоҳира густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Мисрро муҳокима карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Қоҳира густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Мисрро муҳокима карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Қоҳира густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Мисрро муҳокима карданд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Сенати Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ дидору гуфтугӯ кард.

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки дирӯз дар Қоҳира Заробиддин Қосимӣ ва Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ зимни як мулоқот масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср, ба вижа ташкил ва тавсеаи робитаҳои судбахши байнипарлумониро баррасӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, тарафҳо ба фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули сафарҳо ва омӯзиши таҷриба ва маҳоратҳои касбии ду ҷониб ҳавасмандии зиëд зоҳир кардаанд.

Лозим ба зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот ва рушди равобити парлумонии ду кишварро баррасӣ карда буд.


Идомаи ҳамкории Тоҷикистону СММ дар доираи "Раванди Душанбе" баррасӣ шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед