Ru  | Tj
Дар Одесса масъалаи таҳкими ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Украина баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Одесса масъалаи таҳкими ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Украина баррасӣ гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Одесса масъалаи таҳкими ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Украина баррасӣ гардид

Нашр шуд

Рӯзи 19-уми январи соли 2022  мулоқоти Давлаталӣ Назризода, Сафири Тоҷикистон дар Украина бо Сергей Гриневетский, Раиси вилояти Одессаи Украина сурат гирифт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқоти ҷониби Тоҷикистон бо намояндаи Украина дурнамои равобити мутақобилаи ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ ба баррасӣ кашида шудааст.

Ҳамчунин, Назризода ва Гриневетский ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ниёз ба тақвияти бештар доранд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот диққати махсус ба масъалаи устувор намудани ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Украина равона гардидааст.

Дар робита ба ин, ҷониби Тоҷикистону Украина пешниҳод намудаанд, ки минбаъд форуми соҳибкорони ҳарду кишвар роҳандозӣ гардад, инчунин нақшаи бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ тарҳрезӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи таҳлили Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Украина дар 11 моҳи соли 2021 беш аз 23 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 0,5 фоиз зиёд мебошад.

Тоҷикистону Украина тавофуқҳои сиёсӣ ва барномаҳои тозаро имзо мекунанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед