Ru  | Tj
Дар Осиёи Марказӣ "интернети низомӣ" пайдо мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Осиёи Марказӣ "интернети низомӣ" пайдо мешавад
Акс: Интернет

Дар Осиёи Марказӣ "интернети низомӣ" пайдо мешавад

Нашр шуд

Вазорати дифои Русия тасмим гирифтааст, ки дар “Пойгоҳи низомии 201” дар Тоҷикистон ва «Пойгоҳи ҳавоии Кант” дар Қирғизистон системаҳои нави иртиботиро роҳандозӣ намояд.

Бинобар иттилои “Известия”, ҷадвали интиқоли системаҳои нави алоқа аллакай тасдиқ гардида, ба тасвиб расидааст.

Ба шарҳи манбаъ, системаи нав имкон медиҳад, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ алоқаи боэътимод ва бехатар, инчунин интиқоли иттилооти рақамӣ ба роҳ монда шавад. Технологияи мазкур имкон медиҳад, ки ҳатто бо ноҳияҳои дурдасттарини минтақа мубодилаи маълумот анҷом дода шавад.

Гуфта мешавад, ки навсозии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон то охири сол ба нақша гирифта шуда, интизор меравад, ки дар пайи натиҷаи кор дар ин пойгоҳ системаҳои алоқа комилан таҷдид шавад.

Ҳамчунин, илова мегардад, ки азнавсозии пойгоҳи Кант соли оянда амалӣ мегардад. Дар ин пойгоҳ ба ҷуз аз радиостансияҳои қисми заминӣ, инчунин таҷҳизоте, ки мубодилаи иттилоот бо ҳавопайморо таъмин менамоянд, низ нав карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли равон Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо силоҳҳои нави Калашников АК-12, таппончаи Яригин, снайперҳои АСВК-М, системаҳои мушакии зиддиҳавоии "Верба"  муҷаҳҳаз гардида буд.


Дар Русия бинобар авҷ гирифтани коронавирус як ҳафтаи истироҳат эълон мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед