Ru  | Tj
Дар Остона вазирони дифоъи СҲШ ҷамъ мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Остона вазирони дифоъи СҲШ ҷамъ мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Остона вазирони дифоъи СҲШ ҷамъ мешаванд

Нашр шуд

Нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви СҲШ дар Остона баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дабири кулли ин созмон, раҳбари Кумитаи иҷроияи сохтори минтақаии зиддиҳаросафкани СҲШ ва вазири дифоъи Белорус низ дар ин ҷаласа ширкат кунанд.

Рӯзи 26-уми апрел дар Остона нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.  Дар ин бора дафтари матбуъотии вазорати дифоъи Қазоқистон хабар додааст.

 «Омадани роҳбарони вазоратҳои дифоъи кишварҳои узви СҲШ, дабири кулли созмон, раҳбари Кумитаи иҷроияи сохтори минтақаии зиддиҳаросафкани ин созмон ва вазири дифоъи Ҷумҳурии Белорус дар назар аст», - омадааст дар хабар.

Ин нишаст дар чаҳорчӯби раёсати Қазоқистон дар СҲШ баргузор мешавад.  «Ҳадафи ҷаласа тадбирҳои таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ, мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи масъулият ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба амнияти минтақа нигаронида шудааст», - зикр кардааст вазорати дифоъи Қазоқистон.

Гуфтанист, Созмони ҳамкориҳои Шангҳай соли 2001 дар Шонгҳойи Чин таъсис шуд.

Ба ин созмон феълан Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон шомиланд. Афғонистон, Белорус ва Муғулистон узви нозир буда, 14 кишвари дигар шарикони муколамаи дар ин созмон мебошанд.

Бояд гуфт, ки Қазоқистон аз 5-уми июли соли 2023 то июни соли 2024 раёсати Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро бар уҳда дорад. Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 3-4 июли соли равон дар Остона баргузории нишасти сарони СҲШ дар назар аст.

Қаблан зикр шуда буд, ки яке аз масъалаҳои муҳими нишасти сарони СҲШ дар Остона тасвиби ниҳоии узвияти комили Белорус дар ин созмон хоҳад буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед