Ru  | Tj
Дар Озарбойҷон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Озарбойҷон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад
Акс: ТАСС

Дар Озарбойҷон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад

Нашр шуд

Интихоботи ғайринавбатии раисҷумҳур дар Озарбойҷон 7-уми феврали соли 2024 баргузор мешавад. Фармонро дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Илҳом Алиев, ки 20 сол ба ин сӯ кишварро раҳбарӣ мекунад, имзо кардааст.

Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев фармонеро имзо кард, ки тибқи он интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ 7-уми феврали соли 2024 баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузории Report иттилоъ дод.

Кумисюни марказии интихоботии Озарбойҷон вазифадор карда шудааст, ки интихоботро бо тартиби муқарраркардаи қонун таъмин кунад.

Тибқи Қонуни асосии Озарбойҷон, раисҷумҳур дар ин кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад. Муҳлати феълии Алиев ба ҳайси раҳбари давлати Озарбойҷон моҳи апрели соли 2025 ба поён мерасад.

Бояд гуфт, ки интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурӣ дар Озарбойҷон моҳи апрели соли 2018 низ интихоботи пеш аз муҳлат буд.

Зимнан Илҳом Алиев, ки 20 сол боз раҳбарии Озарбойҷонро бар уҳда дорад, ҳақ дорад дубора номзад шавад. Тибқи қонунгузории ин кишвар як кас метавонад ба муддати номаҳдуд дар курсии раҳбари давлат кор кунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед