Ru  | Tj
Дар Панҷшер байни мардуми маҳаллӣ ва Толибон ҷанги шадид сурат гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Панҷшер байни мардуми маҳаллӣ ва Толибон ҷанги шадид сурат гирифт
Акс: Хабаргузории "РИА Новости"

Дар Панҷшер байни мардуми маҳаллӣ ва Толибон ҷанги шадид сурат гирифт

Нашр шуд

Нерӯҳои Толибон* водии Поррандаи Панҷшерро иҳота карда, чанд сокини маҳаллиро боздошт карданд.

Ба гуфтаи манобеъи маҳаллии Панҷшер, даргирӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва нерӯҳои Толибон замоне оғоз шуд, ки як мошини низомии Толибон ба мина бархӯрд.

Гуфта мешавад, ки даргириҳои нав миёни мардуми маҳаллӣ ва Толибон се рӯз боз идома дорад. Ҳоло вазъияти Афғонистон бисёр ноҳинҷор буда, аз чанд сӯ мушкилиҳои таҳмилшуда ба сари мардумони оддӣ аз ҷониби Толибон хезишҳои мардумиро ба вуҷуд овардааст.

Бояд гуфт, вақте ки Толибон қудратро дубора ба даст оварданд, кӯмакҳои хориҷӣ ба Афғонистон қатъ шуда, дороиҳои Бонки марказии Афғонистон аз ҷониби Амрико ва Ғарб масдуд гардид. Ҳоло фақру гуруснагии шадид мардуми Афғонистонро бо марг таҳдид мекунад.

Имрӯзҳо дар саросари Афғонистон мардум ба ҳокимияти Толибон вокуниши манфӣ нишон дода истодаанд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед