Ru  | Tj
Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон 9 миллион бех дарахт шинондаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон 9 миллион бех дарахт шинондаанд
Акс: Интернет

Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон 9 миллион бех дарахт шинондаанд

Нашр шуд

Баҳодур Шерализода дар суханронии худ дар иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз нуҳ миллион бех дарахт шинонда шудааст.   

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, роҳбари ин ниҳод, ки ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар ин нишасти Созмони милал иштирок дорад, бо зикри ин матлаб гуфтааст, ки раванди шинондани дарахт дар кишвар барои афзоиши иқтидори маҳвсозии карбон дар оянда низ идома пайдо мекунад. 

Шеларизода таъкид доштааст, ки ҳамчунин  дар Тоҷикистон майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 2,7 миллион гектар зиёд гардида, дар оянда барои таъмини истифодаи устувори экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои нави муҳофизатшаванда бунёд карда мешаванд. 

Вай бо ишора ба пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025  дар ин нишаст бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. 

Бояд гуфт, ки  иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ бахшида ба 50-солагии таъсиси он дар қароргоҳи Барномаи муҳити зисти СММ дар шаҳри Найробӣ, пойтахти Кения зери унвони «Тақвияти фаъолияти экологӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз 28-уми феврал то 4-уми март баргузор мешавад. 

Дар ин нишаст вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва сарони бархе аз  давлатҳо ширкат доранд.


Раёсати тандурустии Суғд аз афзоиши бемории сил дар вилоят хабар дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед