Ru  | Tj
Дар рӯзи Наврӯз дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар рӯзи Наврӯз дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад
Акс: Интернет

Дар рӯзи Наврӯз дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад

Нашр шуд

Рӯзи душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони  «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. 

Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, 21-уми март бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Ҳамоиши байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. 

Гуфта мешавад, дар кори ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, бародаршаҳрҳо, меҳмонони хориҷӣ ва коршиносони соҳа иштирок хоҳанд кард. 

Манбаъ ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишро ташвиқу тарғиби арзишҳои созандаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва рушди имконоти соҳибкорию сармоягузорӣ,  ҳамчунин муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ унвон кардааст.

Дар назар аст, ки кори ин ҳамоиши байналмилалӣ дар ду бахш бо номҳои  «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» гузаронида мешавад. 

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ бори савум аст, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишвар ҳамоиши байналмилалии  «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» доир мегардад. 

Дар шаҳри Душанбе имсол ҳам ба баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагии ҷиддӣ дидаанд ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр намои идона ба худ гирифтаанд. 


Дар Суғд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид






Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед