Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Риёз миёни Тоҷикистон ва Арабистон чор санади нави ҳамкорӣ имзо шуд
Нашр шуд
Ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири ин кишвар аз 24 то 27-уми ноябр дар 28-умин Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёз ширкат кард. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҳошияи чорабинӣ рӯзҳои 24-26 ноябр ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки Исломии Рушд, мудири Сандуқи Саудии Рушд, вазирони сармоягузорӣ, муҳити зист, об ва кишоварзӣ, саноат ва захираҳои табиӣ, раиси Иттиҳоди палатаҳои савдо ва роҳбарияти Эксимбонки Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни ин мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, алоқамандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зерсохтҳои иҷтимоӣ, ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, тавлиди энергияи сабз, рақамикунонӣ, низоми бонкӣ, рушди содирот, обу иқлим ва дигар масъалаҳо баён доштанд.
Инчунин, рӯзҳои 25-26 ноябр ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар 28-умин Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва мизи мудаввар бо иштироки доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ширкат намуд.
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратию сармоягузории ду кишвар, ҷонибҳо ба ифоқа расиданд, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои соҳибкории Тоҷистону Арабистони Саудиро дар шаҳри Душанбе баргузор намоянд.
Дар доир ин сафар ҷонибҳо Протоколи ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ёддоштҳои тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ, Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ дар бораи таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки санадҳои имзошуда барои густариши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Арабистон заминаи мусоид фароҳам сохта, қадами муҳим дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар маҳсуб меша

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед