Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар роҳҳои Душанбе амалиёт алайҳи тамбашавӣ баргузор мешавад
Нашр шуд
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳушдор дод, ки давоми даҳ рӯз дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон амалиёти махсус гузаронида мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар шаҳри Душанбе аз 1 то 10 ноябр бо мақсади пешгирии нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, амалиёти 10 рӯзаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бо номи шартии «Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард» гузаронида мешавад.
Бо назардошти ин, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе даъват мешавад, ки риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя карда, воситаҳои нақлиётро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти дигар монеа эҷод накунанд.
Таъкид мешавад, ки дар сурати ошкор намудани нақзи қоидаҳо дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ахиран Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо нашри матлабе сабабу омилҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳрҳои ин кишварро тавзеҳ дод.
Ин ниҳод зикр кард, ки дар 33 соли охир дар Тоҷикистон шумораи нақлиёт се баробар ва аҳолӣ ду баробар афзудааст.
Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ин кишвар расман беш аз 666 ҳазор воситаи нақлиёти сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 587 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.
Аз сӯи дигар шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед