Ru  | Tj
Дар Русия қоидаҳои нави будубоши шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегиранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Русия қоидаҳои нави будубоши шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегиранд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Русия қоидаҳои нави будубоши шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегиранд

Нашр шуд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муҳоҷирони кории тоҷикро ҳушдор дод, ки дар Русия муқаррароти нав барои будубош ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, қонуни федералӣ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Русия”, ахиран аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар имзо шуд.

Бар асоси ин тағйирот ба қонунгузорӣ, ҳамакнун будубош дар қаламрави Русия дар давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян шуд. То ин замон ҳузур дар қаламрави Русия дар муддати 90 рӯз дар давоми 6 моҳ имконпазир буд.

Дар баробари ин тибқи муқаррароти нав шаҳрвандони хориҷӣ ӯҳдадоранд, ки аз кирдори ба Русия зараровар худдорӣ кунанд. Инчунин эҳтиром ба фарҳанг, анъана, арзишҳои маънавии мардуми Русияро пос доранд ва корнамоии мардум Иттиҳоди шӯравии пешин дар муҳофизати Ватанро таҳриф накунанд.

Дар баробари ин, тибқи муқаррароти нав шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба муҳити зист, сарватҳои табиӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии Русия бо эҳтиром муносибат кунанд.

Бар асоси қоидаҳои нав, муҳоҷирони муваққатӣ, метавонанд худро ба мӯҳлати на бештар аз 1 сол дар Русия, ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. Муҳоҷирони муваққатӣ онҳое мебошанд, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) ва ё иҷозатномаи паноҳандагӣ надоранд.

Дар баробари ин хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ба ватани худ, бо истифода аз шиносномаи мӯҳлаташ гузашта ё шиносномаи фарсуда имконпазир аст.

Таъкид мешавад, ки зимни гузаронидани санҷиши сарҳадӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолии нақзи низоми сарҳади давлатӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронида мешавад. Бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур аз 2 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.

Бо назардошти ин аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ба кори муваққатӣ машғуланд, дархост мешавад, ки талаботи нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Русияро риоя намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 90 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ё худ ҳудуди 387 ҳазор нафар ба Русия рафтаанд.

Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия низ нисбати соли гузашта 15% коҳиш ёфтааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед