Ru  | Tj
Дар Русия пешниҳод шуд, ки баъди ваксинагирӣ 3 рӯз рухсатии ҳатмии музднок ҷорӣ шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Русия пешниҳод шуд, ки баъди ваксинагирӣ 3 рӯз рухсатии ҳатмии музднок ҷорӣ шавад
Акс: Интернет

Дар Русия пешниҳод шуд, ки баъди ваксинагирӣ 3 рӯз рухсатии ҳатмии музднок ҷорӣ шавад

Нашр шуд

Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ пешниҳод намудааст, ки ба шаҳрвандон пас аз гирифтани ҳар як вояи ваксина 3 рӯзӣ истироҳат пешбинӣ карда шавад.

Ба гузориши расонаи хабарии "Новости", Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ ҷонибдори он аст, ки Вазорати меҳнати Русия кордиҳандагонро муваззаф намояд, то коргарони ваксина гирифтаро ба мӯҳлати се рӯзи корӣ аз кор озод кунанд ва илова бар ин, миқдори музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта шавад.

Чунин пешниҳодро директори институти мазкур Максим Петунин дар мактуби худ ба номи Вазири меҳнат Антон Котяков арз доштааст.

"Дар робита ба ваксинатсияи оммавӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки айни ҳол дар Русия идома дорад, аз шумо хоҳиш мекунам, ки кордиҳандагонро муаззаф намоед, то ба коргароне, ки ваксина гирифтаанд, се рӯзи истироҳати музднок ҷудо кунанд", - омадааст дар муроҷиатнома.

"Беш аз 98% бемороне, ки дар бемористон бистарӣ шудаанд, ваксина нагирифтаанд",- шарҳ додааст Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко.




Пирӯзӣ бар COVID-19. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта касе ба коронавирус гирифтор нашуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед