Ru  | Tj
Дар садамаҳои нақлиётии чоруним соли охир дар Тоҷикистон беш аз 1900 нафар ҳалок шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар садамаҳои нақлиётии чоруним соли охир дар Тоҷикистон беш аз 1900 нафар ҳалок шудааст

Дар садамаҳои нақлиётии чоруним соли охир дар Тоҷикистон беш аз 1900 нафар ҳалок шудааст

Нашр шуд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки 75 дарсади садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби суръати баланди ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингард рух додааст.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо нашри матлабе дар сомонаи расмиаш, вазъи таъмини бехатарӣ дар роҳҳои кишвар ва иқдоми анҷомшуда дар ин заминаро баррасӣ кардааст.

Дар ин матлаб зикр мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ (соли 2023 – 492 садама) рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз соли 2020 то соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон 4364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 1692 нафар ҳалок гашта, 4776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Натиҷаҳои таҳлили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин, ҳолати бади роҳҳо ва набудани аломатҳои роҳ ва ғайра ба амал меоянд.

Дар баробари ин зикр мешавад, ки тайи солҳои охир шумораи мошинҳо дар Тоҷикистон хеле афзудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ дар ин кишвар расман 666 074 воситаи нақлиёт - сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле ки як сол қабл ин рақам ба 601 136 адад баробар буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар бораи вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки соли 2023 нашр шудааст, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон тақрибан 1,3 миллион нафар ҷони худро аз даст дода, 50 миллион нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мегиранд. Тибқи ин омор дар ҷаҳон дар ҳар 24 сония як нафар ва дар як рӯз бошад зиёда аз 3500 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасанд.

Бо назардошти ин, Маҷмаи Умумии СММ бо ҳадафи кам кардани фавт ва ҷароҳат дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, бо судури қатъномае солҳои 2021-2030-ро “Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ” эълон кардааст.


Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед