Ru  | Tj
Дар Самарқанд корҳои аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Самарқанд корҳои аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
Акс: ASIA-Plus

Дар Самарқанд корҳои аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Дар Самарқанд гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми як ҳафта корҳои аломатгузорӣ дар марзи ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, рӯзҳои 20-27-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузорӣ дар марзи ду кишвар баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар музокироти Комиссияи муштараки демаркатсионӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, пас аз баррасии натоиҷи корҳои саҳроӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода намудани хати лоиҳавии демаркатсионӣ корҳоро идома медиҳанд.

Таъкид гардидааст, ки музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор шуда, вохӯрии навбатии ҳайатҳо дар Тоҷикистон мегузарад.

Бояд гуфт, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ қитъаҳои аломатгузоринашуда дар марз вуҷуд доранд, аммо ба фарқ аз Қирғизистон Тошканд мехоҳад ин масъалаҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунад.

Моҳи августи соли 2018 дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расида буд, ки ин дурнамои муносиботи ду кишварро ба сатҳи сифатан нав баровард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед