Ru  | Tj
Дар се соли наздик дар Узбекистон 28 неругоҳи бузурги «сабз» ба кор андохта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар се соли наздик дар Узбекистон 28 неругоҳи бузурги «сабз» ба кор андохта мешавад
Акс: Eenergy.media

Дар се соли наздик дар Узбекистон 28 неругоҳи бузурги «сабз» ба кор андохта мешавад

Нашр шуд

Дар Узбекистон барномаи сесолаи сохти неругоҳҳои бузург дар бахши «энержии сабз» оғоз мешавад. То соли 2027 дар ин кишвар ба баҳрабардорӣ расидани 28 неругоҳи бузурги офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 8 ГВт пешбинӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбекистон хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, дар чаҳорчӯби ин барнома бунёди 944 километр хати баландшиддати барқ ва 6 истгоҳи бузурги ёрирасон сохта шуда, 18 махзани нигаҳдории неру бо зарфияти  2,2 ГВт насб мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар соли ҷорӣ дар Узбекистон 14 неругоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 2,6 ГВт ба кор андохта шуда, аз ин  ҳисоб 85 милярд киловатт-соат, аз он ҷумла дар неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ 6 милярд киловатт-соат барқ тавлид мешавад.

Дар идома таъкид мешавад, ки зарфияти мавҷудаи неруи офтоб ва бод дар Узбекистон нисбат ба талаботи ин кишвар барқ даҳ баробар бештар аст.

То кунун Узбекистон тавонист 2,1 милярд долар сармояи мустақими хориҷӣ дар бахши “энержии сабз” ҷалб карда, дар айни замон дар ин кишвар лоиҳаҳо ба маблағи 13 милярд долар қариб дар ҳамаи минтақаҳо неругоҳҳои муосири барқии офтобӣ ва бодӣ сохта мешаванд.

Аз сӯйи дигар дар иншооти иҷтимоъӣ, корхонаву созмону ширкатҳо ва сохтмонҳои маскунии Узбекистон панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 457 МВт насб карда шуда, бо ин ҳадаф бонкҳо беш аз 161 милён долар маблағ ҷудо карданд.

Ба гуфтаи мақомоти Узбекистон соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли «энержии сабз» дар ин кишвар ба 13 милярд киловатт-соат мерасад ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии  энергетикии кишвар ба 15 дарсад баробар хоҳад шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед