Ru  | Tj
Дар шаҳри Анқара ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба баррасӣ кашида шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Анқара ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба баррасӣ кашида шуд
Акс: Интернет

Дар шаҳри Анқара ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба баррасӣ кашида шуд

Нашр шуд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Кабир дар шаҳри Анқара бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Туркия Фуат Октай дидор намуд.

Ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти намояндаи Тоҷикистону  Туркия рӯзи 15-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст.

Таъкид мегардад, ки дар вохӯрӣ масъалаи вазъи феълӣ ва имконияти густариши муносибатҳои ин ду кишвар, алалхусус дар соҳаи иқтисод мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки иқдоми ташкили бизнес-форуми Тоҷикистону Туркия дар шаҳри Қуния дар таҳкими ҳамкориҳои тиҷориатию иқтисодии ду кишвар таъсири муассир хоҳад гузошт.

Илова бар ин, Кабир ва Октай ба мувофиқа расидаанд, ки дар оянда вохӯрию музокирот ва тамосҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркияро ба танзим медароранд.

Хотиррасон менамоем, ки имрӯз, 16-уми декабр дар шаҳри Қунияи Туркия Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад. 

Дар назар аст, дар ин бизнес-форум намояндагони беш аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Туркия ширкат меварзанд.


Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоиву иқтисодӣ густариш меёбанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед