Ru  | Tj
Дар шаҳри Батумии Гурҷистон Консулгарии фахрии Тоҷикистон кушода шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Батумии Гурҷистон Консулгарии фахрии Тоҷикистон кушода шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Дар шаҳри Батумии Гурҷистон Консулгарии фахрии Тоҷикистон кушода шуд

Нашр шуд

Ба муносибати 28-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Тбилиси дар шаҳри Батумӣ дафтари Консули фахрии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки бо ҳузури Сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ ва роҳбарияти Ҷумҳурии Мухтори Адҷария дар шаҳри Батуми маросими оғоз ба кори дафтари Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тенгиз Коколадзе баргузор гардид.


Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи ин дафтар Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батуми изҳори сипос намуда, таъкид доштааст, ки оғози фаъолияти ин дафтар гоми муҳимме дар масири густариши муносибатҳои ду давлат мебошад.

Рижвадзе афзудааст, ки ин ниҳод ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

Манбаъ меафзояд, дар маросими ифтитоҳи расмии дафтари консулгарӣ дар Батуми дар баробари роҳбарони Ҷумҳурии Мухтори Адҷария ҳамчунин консулҳои фахрии Қазоқистон ва Австрия, вакилони парлумони Гурҷистон ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, ширкат варзидаанд.

Қаблан дар Батумии Гурҷистон бо иштироки сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷии ширкатҳои давлатӣ ва хусусии гурҷӣ ҳамоиши «Фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда буд.


Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед