Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Бохтар фаъолияти се маркази дилхушӣ қатъ карда шуд
Нашр шуд
Дар охирин маврид фаъолити маркази дилхушии "Париж" қатъ шуда, нисбати раҳбарияти он парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Нашрияи "Хатлон" бо такя ба маркази матбуотии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки ҳафтаи гузашта дар маркази дилхушии “Париж”, воқеъ дар шаҳри Бохтар, байни кормандони ин марказ ва сокини шаҳри Бохтар, Баротов Сироҷиддин муноқиша сар зад, ки боиси халалдор шудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид.
Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки шаҳрванд Баротов Сироҷиддин дар ҳолати сархушӣ вориди маркази дилхушӣ гардида, бо мизоҷони он вориди баҳсу мунозира мешавад. Дар ҳамин ҳол, масъулони маркази дилхушӣ ба баҳси мизоҷонашон ҳамроҳ шуда, ба ҷойи пешгирӣ аз муноқишаву нофаҳмӣ, баръакс, даст ба кирдори зиддиҳуқуқӣ задаанд.
Дар ин муноқиша Ҷалолов Амирҳамза роҳбари маркази дилхушии "Париж" ва Шерзода Ҷунайд пешхизмати маркази мазкур даст доранд.
Афроди номбурда Баротов Сироҷиддинро ба беруни бинои маркази дилхушӣ бароварда, дар ҳузури одамони ҷамъомада дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, бо мушт ба сару рӯяш якчанд маротиба мезананд.
Дар рафти ин муноқиша ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати роҳбар ва пешхизмати маркази дилхушии "Париж" Ҷалолов Амирҳамза ва Шерзода Ҷунайд тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, фаъолияти маркази дилхушии “ Париж” қатъ шуд.
Дар идома таъкид мешавад, ки давоми ҳафтаҳои охир барои кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва нодида гирифтани талаботи қонунгузорӣ фаъолияти 3 маркази дилхушӣ дар шаҳри Бохтар қатъ гардида, нисбати масъулини марказҳои дилхушӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед