Ru  | Tj
Дар шаҳри Хуҷанд мактаби "Оксфорд" бунёд мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Хуҷанд мактаби "Оксфорд" бунёд мегардад
Акс: Дафтари матбуоти Раиси шахри Хучанд

Дар шаҳри Хуҷанд мактаби "Оксфорд" бунёд мегардад

Нашр шуд

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мактаби «Оксфорд» бунёд мегардад.

Ин мактаб аз ҷониби соҳибкори номдори Тоҷикистон Саидмурод Давлатов бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи «Оксфорд»-и Британияи Кабир бунёд мегардад. Айни ҳол қариб 70 нафар ба корҳои сохтмонӣ машғуланд, ки бояд бинои таълимии мазкур дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода қарор гирад.

Дар назар аст, ки дар муассисаи таълимии мактаби «Оксфорд» 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Саидмурод Давлатов тасмим гирифтааст, ки дар ин мактаб усули таълими байналмилалӣ ва замонавӣ роҳандозӣ намояд.


Мактаби дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед