Ru  | Tj
Дар Ситоди муштараки СПАД омодагӣ ба машқҳои муштарак баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Ситоди муштараки СПАД омодагӣ ба машқҳои муштарак баррасӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Ситоди муштараки СПАД омодагӣ ба машқҳои муштарак баррасӣ шуд

Нашр шуд

Сухангӯйи ситоди муттаҳидаи СПАД Владислав Шегрикович зикр кард, ки ҷонибҳо барномаҳои асосии баргузории размоишҳо, ҳайати мудирият ва неруҳои ҷалбшуда, ташкили роҳбарӣ ва таъминоти ҳамаҷонибаи неруҳоро баррасӣ карданд.

Аввалин ҷаласаи ситод барои ташкил ва баргузории машқҳои муштарак аз 9 то 11-уми апрел дар Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баргузор шуд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба сухангӯйи ситоди СПАД Владислав Шегрикович хабар дод.

"Аз 9-ум то 11-уми апрел дар Ситоди муштараки СПАД барои ташкил ва баргузории машқҳои муштарак бо неруҳои СПАД, ки соли 2024 баргузор мешавад, аввалин ҷаласаи ситод баргузор шуд", - гуфт Шегрикович.

Ба гуфтаи вай, дар ин ҷаласа, ки таҳти роҳбарии лашкарсолор Ҳасан Калоев, муовини раиси ситоди муттаҳидаи СПАД баргузор шуд, намояндагони вазорату идораҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, ҳамчунин котибот ва ситоди муштарак ҳузур доштанд.

Шегрикович таъкид кард, ки тарафҳо асосҳои барномаи баргузории размоиши муштарак, ҳайати мудирият ва неруҳои ҷалбшуда, масъалаҳои ташкили рохбарӣ ва таъминоти ҳамаҷонибаро баррасӣ карданд.

Сухангӯйи Ситоди муштараки СПАД ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар соли 2024 баргузории чанд маъракаи муштараки омодагии фаврӣ ва ҷангӣ, аз ҷумла дар қаламрави Қирғизистон баргузории машқҳои «Ҳамкории мутақобила-2024», «Ҷустуҷӯ-2024», «Эшелон», дар қаламрави Қазоқистон "Бародарии шикастнопазир-2024" ва дар қаламрави  Тоҷикистон размоиши «Сарҳад-2024» пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед