Ru  | Tj
Дар Суғд оилаи беҳтарин соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Суғд оилаи беҳтарин соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардид
Акс: Интернет

Дар Суғд оилаи беҳтарин соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардид

Нашр шуд

Озмуни вилоятии "Оилаи беҳтарин" дар Суғд ҷамъбаст шудааст.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ғолибони озмунро бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ намудааст.

Гуфта мешавад, ки аз рӯйи баҳогузории ҳайати ҳакамон Дипломи дараҷаи I, вимпел ва 3 000 сомонӣ сазовори  оилаи Абдуҳафиз Ҷабборов, истиқоматкунандаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дониста шудааст. 

Ҳамзамон, оилаи Муҳтарам Алимова (сокини маҳаллаи Мевағули ш. Хуҷанд) бо Дипломи дараҷаи II ва мукофоти пулӣ ба миқдори 2 000 сомонӣ қадрдонӣ шуда, Дипломи дараҷаи III ва мукофотпулӣ ба андозаи 2 000 сомонӣ ба оилаи Ғобилҷон Бобоев (сокини маҳаллаи Сои Зебони ш. Панҷакент) расидааст.

Зикр мегардад, ки дар маросими ҷоизасупорӣ муовини якуми Сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2020 ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин" роҳандозӣ гардида буд.


Мавҷуда Имомназарова дар Нурсултон аз беҳтарин муаллимони ИДМ дониста шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед