Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон 260 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 260 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад
Акс: "Ховар"

Дар Тоҷикистон 260 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад

Нашр шуд

Аз 260 ҳазор кӯдаке, ки имсол ба синфи якум ба мактаб мераванд, 125 ҳазор духтар ва 135 ҳазор писар мебошанд.

Ин хабарро Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раҳбари Агентии омори Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон кард.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.

Бар асоси иттилои хабаргузории "Ховар" дар соли нави хониш дар Тоҷикистон тибқи нақша 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 29 ҳазору 968 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.

Инчунин то охири соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 218 иншоот барои 42 ҳазору 984 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор мегирад.

Дар баробари ин сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири сол қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед