Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон 3000 хонандаю донишҷӯ стипендияи Президентӣ мегиранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 3000 хонандаю донишҷӯ стипендияи Президентӣ мегиранд
Акс: Sputnik

Дар Тоҷикистон 3000 хонандаю донишҷӯ стипендияи Президентӣ мегиранд

Нашр шуд

Стипендияи Президентӣ дар моҳ 500 - сомониро ташкил медиҳад.

Ба маълумоти АМИТ "Ховар", имсол 2950  хонанда аз мактабҳои миёна, 25 донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 25  донишҷӯи дигар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ стипендияи Президентӣ мегиранд.

Таъкид мегардад, ки гирандагони стипендияи Президентӣ тариқи озмун, ки кори ташкилии онро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ӯҳда дорад,  муайян карда мешаванд.

Қаблан, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 400 нафар имкони гирифтани стипендияи Президентиро доштанд, лекин бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2021 шумораи стипендиягирандагон ба 3000 нафар бародар карда шуд.

То соли 2016 дар Тоҷикистон маҷмӯан 300 нафар стипендияи Президентӣ мегирифтанд.  Дар пайи эълон шудани соли 2017   "Соли ҷавонон"  теъдоди гирандагони стипендияи мазкур 100 адади дигар зиёд шуда, дар соли 2021 миқдори он ба 2600 расонида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки лоиҳаи "Стипендияи Президентӣ" аз соли 1998 то инҷониб амал мекунад. Теъдоди гирандагон ва миқдори маблағ марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад.


Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба эълон шудани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат"-ро имзо кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед