Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон 630 корфармо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷарима шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 630 корфармо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷарима шудаанд
Акс: Комрон.инфо

Дар Тоҷикистон 630 корфармо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷарима шудаанд

Нашр шуд

Соли гузашта дар натиҷаи санҷиши вазъи риояи қонунгузории соҳаи меҳнат 11 ҳазору 809 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда шудааст.

Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, соли сипаришуда дар натиҷаи тафтиши 2588 субъекти хоҷагидори кишвар 6896 ҳолати қонунвайронкунӣ дар ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва 4913 адад қонунвайронкунӣ дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ошкор шудааст.

 Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби рӯёнидани ҷарима ба буҷети давлатӣ ба ҳисоби умумӣ 64 миллиону 582,1 ҳазор сомонӣ маблағ  ворид гардидааст.

Ҳамчунин, дар муносибат ба 630 нафар корфармо ва дигар шахсони масъул ҷиҳати содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 797,1 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардида, аз ин миқдор 714,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ба ҳолати 1 -уми январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон  30 ҳазору 936 корхона, муассиса ва ташкилот, новобаста аз шакли моликият, фаъол буда, 20 ҳазори онҳо корхона ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд.


Қонунҳои Тоҷикистон бар зидди поймолкунандагони ҳуқуқи занон бо ҷиддият амал мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед