Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон 7-умин “Модели СҲШ” ҷамъбаст гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 7-умин “Модели СҲШ” ҷамъбаст гардид
Акс: Аз саҳифаи фейсбукии АИД назди Президенти ҶТ

Дар Тоҷикистон 7-умин “Модели СҲШ” ҷамъбаст гардид

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон бори нахуст видеоконференсия – бозии интерактивӣ дар мавзӯи “20 соли фаъолияти СҲШ: Тарҳрезии даҳсолаи нави ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ” баргузор гардид.

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ки дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, видеоконференсия – бозии интерактивӣ дар мавзӯи “20 соли фаъолияти СҲШ: Тарҳрезии даҳсолаи нави ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ” доир гардид.

Бояд гуфт, ки “Модели СҲШ” конференсияест, ки дар раванди он ба иштирокчиён имкони намояндагии давлати аъзои СҲШ, иштирок дар муҳокимарониҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дода мешавад.

Чорабинии мазкур аз 30 –уми апрел то 24-уми май идома ёфта, дар анҷоми он мувофиқи нақша бозии интерактивӣ доир гардид, ки дар рафти бозии интерактивии мазкур иштирокчиён ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ-ро намоиш доданд.

Барои ҷалби ҷавонон ва мутахассисони ба омӯзиши фаъолияти СҲШ майлдошта дар доираи ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон бо платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network 7-умин Модели СҲШ, бо иштироки тренерон аз давлатҳои аъзои СҲШ, 24-уми майи соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Ҳамчунин дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед